Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози имтиҳонҳои қабул дар донишгоҳҳои Тоҷикистон


Сар аз имрӯз, якуми август имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон то ҳол зиёда аз 36 ҳазор довталаб ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супоридааст. Имсол қабули ҳуҷҷатҳо барои шомил шудан ба макотиби олӣ аз 20 июн оғоз шуд ва то 31-уми июл идома кард. Вале дар баъзе донишгоҳҳои олӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба гурӯҳҳои шартномавӣ то 15-уми август идома меёбад. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон имсол барои минтақаҳои дурдаст 1 ҳазору 200 квотаи президентӣ дода шудааст, ки аз онҳо 628 адад ба духтарон рост омадааст. Имсол мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро 109 ҳазору 527 нафар хатм намудаанд..
XS
SM
MD
LG