Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон як муллоро боздошт карданд


Пулиси Афғонистон мегӯяд, муллоеро дастгир кардааст, ки бо фатвои ӯ занеро бо иттиҳоми зинокорӣ куштанд. Шарофуддин Шароф, сардори пулиси вилояти Бодғис, ба Радиои Озодӣ гуфт, Мулло Абдулғаффорро рӯзи сешанбе дар деҳаи Кукчайли ҳамин вилоят дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, моҳи гузашта бо бо фатвои ин мулло занеро бо номи Ҳалима хешовандонаш куштаанд. Ин зан гӯё бо касе иртиботи ҷинсии ғайриқонунӣ доштааст. Дар Афғонистон агарчӣ муллоҳо эътибори зиёд доранд, аммо бо фатвои онҳо куштани касе кам мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG