Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Ихвонулмуслиминро ба додгоҳ мекашанд


Додситонҳои Миср парвандаи ҷиноии се раҳбари воломақоми созмони исломгарои Ихвонулмуслиминро барои муҳокима ба додгоҳ супурдаанд. Ҳар се нафар ба барангехтани хунрезӣ дар тазоҳуротҳои моҳи гузашта муттаҳам мешаванд. Қарори ахири додситонҳоро идомаи саркӯби Ихвонулмуслимин медонанд, ки баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури Миср дар рӯзи саввуми июл шурӯъ шуд. Додситонҳо мегӯянд, Муҳаммад Бодия, раҳбари фирории гурӯҳ ва муовинҳои ӯ Хайрат ал-Шотир ва Рашид Баюмӣ тарафдоронашонро ба қатли дасти кам 8 тазоҳургар дар назди қароргоҳҳои Ихвонулмуслимин дар наздикии Қоҳира таҳрик додаанд. Дигар ин ки ҳукумати Миср рӯзи чаҳоршанбе ба пулис дастур дод, тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсиро хотима диҳанд, зеро онҳо таҳдид ба амнияти миллӣ ба ҳисоб мерафтаанд. Аммо тарафдорони Мурсӣ гуфтаанд, ки аз ҷояшон намеҷунбанд.
XS
SM
MD
LG