Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷири қазоқро дар Фаронса дастгир кардаанд


Вакили дифоъаш мегӯяд, Мухтор Аблиёзов, як бонкдори қазоқро дар Фаронса боздошт кардаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Мухтор Аблиёзовро, нерӯҳои махсуси саропо мусаллаҳ дар хонае дар наздикии шаҳри Нис дастгир карда бурдаанд. Вакили дифоъи Аблиёзов афзуд, Фаронса дархости истирдоди ин бонкдори қазоқро дарёфт кардааст, вале маълум нест, ки дархост, аз Русия аст, Украина ва ё Қазоқистон. Мухтор Аблиёзов бонкдори собиқи сарватманд ва аз чеҳраҳои бонуфузи мухолифони давлати Қазоқистон соли 2009 аз ватанаш фирор кард ва дар Бритониё паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт. Ӯро ба дуздии маблағҳои бузург дар Қазоқистон муттаҳам мекунанд. Чанде пеш зану духтари ӯро бо иттиҳоми иқомати ғайриқонунӣ аз қаламрави Итолиё ихроҷ карда, ба Қазоқистон бозгардониданд.
XS
SM
MD
LG