Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо раҳбарони Покистон мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо як сафари расмӣ вориди Покистон шуд. Баъди ба қудрат расидани ҳукумати нав дар Покистон дар интихоботи моҳи май, бори аввал аст, ки Ҷон Керрӣ ба Исломобод меояд. Қарор аст, ӯ бо Навоз Шариф, нахуствазир ва дигар мақомоти баландпоя ва фармондеҳони артиши Покистон дидору гуфтугӯ кунад. Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри баёнияе гуфт, Ҷон Керрӣ дар мулоқотҳояш аз ҷумла ба тақвияти амният, кӯмак ба иқтисоди Покистон ва таҳкими муносиботи мардуми байни ду кишвар” таммаркуз хоҳад кард. Равобити Амрикову Покистон солҳои ахир осеб дидааст ва бахусус дар робита ба масъалаи Афғонистон. Амрико умедвор аст, ки Покистон дар эҳёи раванди мусолиҳа миёни Толибону ҳукумати Афғонистон нақши мусбат ифо кунад. Ҳукумати Амрико нагуфтааст, ки Ҷон Керрӣ, чанд дар рӯз дар Покистон мемонад.
XS
SM
MD
LG