Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти "ЭТМОС" дар Маскав масъалаи боздоштҳоро баррасӣ кард


Дар робита бо боздоштҳои ахир дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе бо дархости созмони ҷамъиятии муҳоҷирони тоҷики Русия бо номи “ЭТМОС” мулоқоте бо Владимир Морозов-муовини сардори раёсати тафтишотии Маскав баргузор шуд. Каримҷон Ёров-раиси “ЭТМОС” сабаби баргузории амалиётҳои рӯзҳои ахири боздошт дар Маскавро бо Морозов дар миён ниҳод.

Морозов гуфтааст, ҳадафи баргузории амалиёт таъмини авлавияти қонун ва таъмини назм дар шаҳри Маскав будааст. Ёров мегӯяд, то ҳол чунин амалиёт идома дорад:

"Чунин амалиёт дар тамоми бозорҳо идома дорад. Масалан имрӯз амалиёт дар бозори назди метрои Петро-Разумовская идома дошт. Дар Дмитриева ва Кунцева низ амалиёт давом дошт. Дирӯз дар бозори метрои Тёплий Стан амалиёт гузашта буд”.


Каримҷон Ёров ба радиои Озодӣ гуфт, дар амалиётҳои ахири Маскав ва атрофи он 117 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ҳоло шуморе аз онҳо раҳо шудаанд. Вале баъзеи онҳо то се моҳ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG