Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 27 корманди пулис аз кор маҳрум шуд


Дар Покистон ба таври муваққатӣ 27 корманди пулис барои саҳлангорӣ аз иҷрои баъдии вазоифи худ маҳрум шудаанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе намояндаи аёлати Хайбар-Паштунхво ба радмиои Озодӣ хабар дод.

Ин тасмим баъд аз ҳамлаи тундравҳо ба маҳбасе дар шимоли ғарби Покистон гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла аз зиндон тақрибан 250 нафар фирор карда буданд.

Ҳоло мақомоти Покистон ин масъаларо таҳқиқ мекунанд, ки чӣ тарз ба шӯришиён муяссар шудааст, то ба зиндон ҳамла баранд ва зиндониёнро раҳо кунанд. Ин зиндонро пулис нигаҳбонӣ мекард.
XS
SM
MD
LG