Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори шаҳрвандон чаҳоряк маротиба афзоиш ёфтааст


СММ мегӯяд, ки дар давоми шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи қурбониёни ҷангҳо ва ҳамлаҳо дар Афғонистон тақрибан чаҳоряк маротиба афзоиш ёфтааст. Дар гузориши СММ, ки рӯзи чаҳоршанбе ба нашр расид, омадааст, ки дар ин муддат 1319 нафар кушта, 2500 нафар маҷруҳ шудаанд. Ин рақамҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад бештар мебошад. Георгетт Гагнон-мудири бахши ҳуқуқи башари СММ дар Афғонистон гуфт:

“Муноқишаи мусаллаҳона дар нимаи аввали соли 2013 ба шаҳрвандони Афғонистон бештар зарар ва осеб расондааст. Шумораи ононе, ки кушта ва ё захмӣ шудаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад афзоиш ёфтааст”.


Бамгузориҳо яке аз сабабҳои аслии куштори шаҳрвандон боқӣ мондааст. Сабаби дуввуми кушторҳо афзоиши задухурдҳо миёни нируҳои ҳукуматӣ ва тундравҳо ба шумор меравад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки 74 дарсади шаҳрвандон дар ҳамлаҳои шӯришиён, 9 дарсад ба дасти нируҳои ҷонибдори ҳукумат ва 12 дарсади дигар дар ҷангҳои заминии миёни нируҳои ҳукуматӣ бо шӯришиён кушта шудаанд.

Моҳи гузашта нируҳои ҳукуматии Афғонистон масъулияти амниятиро бар дӯши худ гирифтанд. То ҳол ин масъулият бар души нируҳои НАТО буд.
XS
SM
MD
LG