Пайвандҳои дастрасӣ

Мамнун Ҳусейн раисиҷумҳури Покистон интихоб шуд


Мамнун Ҳусейн раисиҷумҳури Покистон интихоб шуд. Дар ин бора Фахриддин Иброҳим, раиси комиссиюни интихоботи Покистон, рӯзи сешанбе, 30 июл, дар нишасти хабарӣ дар Исломобод иттилоъ дод:

Бештари вакилони парлумони Покистон аз номзадии ин тоҷири шинохта пуштибонӣ карданд. Номзадии Мамнун Ҳусейн аз сӯи нахуствазир Навоз Шариф пешниҳод шуда буд – ҳарду аъзои Лигаи мусалмонҳои Покистонанд, ки аксари курсиҳо дар парлумонро дар ихтиёр дорад.

Қарор аст, ки Мамнун Ҳусейн моҳи сентябр, баъди хатми ваколатҳои раисиҷумҳури феълӣ Осеф Алӣ Зардорӣ, ба курсии президентӣ нишинад.

Бар пояи қонун, раисиҷумҳури Покистон аз сӯи ҳарду палатаи парлумон ва намояндагони маҷлисҳои минтақаӣ барои панҷ сол интихоб мешавад. Як фард ҳаққи аз ду дафъа бештар ишғол кардани мақоми сарвари кишварро надорад.
XS
SM
MD
LG