Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамъияти тоҷикони Перм боздошт шуд


Раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Перми Русия Сайфуддин Одинаев бо иттиҳоми даст доштан дар ғоратгарӣ боздошт шудааст.

Ба иттилои полиси Русия, Одинаев рӯзи 30 июл баъд аз бозпурсӣ дар раёсати тафтишоти Сарраёсати умури дохилии вилоят боздошт шудааст. Гуфта мешавад, як узви дигари ҷамъияти тоҷикон, ки барои даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир ба 12 соли маҳбас маҳкум шудааст, алайҳи Сайфуддин Одинаев баёнот додааст. Ин шахс гуфтааст, дар як ғоратгарӣ Одинаев бо ӯ ҳамдастӣ кардааст.

Соли гузашта раиси ҷамъияти тоҷикони Перм дар як филми телевизиони “Рифей-Перм” дар даст доштан дар қочоқу фурӯши маводи мухадир айбдор шуда буд. Сайфиддин Одинаев шабакаи телевизиониро дар тӯҳмат муттаҳам кард ва дар ариза ба додгоҳ хост, ки “Рифей-Перм” барои латма задан ба шаъну шарафаш як миллион рубл ҷубронпулӣ пардохт кунад. Моҳи сентябри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Ленини Перм аз “Рифей-Перм” талаб кард, ки ба Сайфиддин Одинаев “барои паст задани шаъни шарафи ӯ” 150 ҳазор рубл ҷубронипулӣ пардохт намояд.
XS
SM
MD
LG