Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба "фошсози Wikileaks" беш аз сад соли ҳабс таҳдид мекунад


Додгоҳи низомии Форт Мид дар аёлати Мериленди ИМА иттиҳоми кӯмак ба душманони Амрико аз сӯи сарбоз Брэдлӣ Маннингро рад кард.

Кӯмак ба душманони Амрико - сангинтарин иттиҳом алайҳи Брэдлӣ Маннинг барои дар ихтиёри торнамои Wikileaks гузоштани садҳо ҳазор санади махфии Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷанг дар Ироқу Афғонистон маҳсуб мешуд. Аммо додрас полковник Дэнис Линд сарбозро аз рӯи 20 банди иттиҳомот, аз ҷумла, ҷосусӣ, дуздӣ, қаллобӣ бо истифода аз компутар ва вайрон кардани интизоми ҳарбӣ муттаҳам кард. Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин айбҳо ба Брэдлӣ Маннинг беш аз сад соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Брэдлӣ Манинг иқрор кард, ки сабти видеоии тирборони беш аз даҳ нафар аз сӯи чархболи амрикоии Apache дар Бағдод дар соли 2007, беш аз 470 ҳазор ҳисобот дар бораи ҷанг дар Ироқу Афғонистон, ва 250 ҳазор номаҳои дипломатҳои амрикоӣ ба Вошингтонро ба Wikileaks ироа кардааст.

Тайи ду моҳи тафтишот додситонҳо Маннингро чун хоине арзёбӣ намуданд, ки аз сӯи душманони Амрико истифода шудани асноди маҳрамонаро хуб дарк мекард. Аммо Брэдлӣ Маннинг ин иттиҳомро рад намуд.

Нашри асноди маҳрамона барои Кохи Сафед дарди сари ҷиддӣ эҷод кард – аз нигоҳи мақомоти Амрико нашри ин аснод шояд боиси сардии равобити Амрико бо дигар кишварҳо гардад. Аммо вакилони дифои Брэдлӣ Маннинг ӯро чун фошсозе муаррифӣ карданд, ки мехост ҷиноёти низомиро ошкор кунад ва баҳсҳоеро дар ҷомеъаи Амрико дар мавриди сиёсати низомиву хориҷии кишвар оғоз бубахшад. Ҳангоми бозрасии муқаддамотӣ дар моҳи феврал Маннинг гуфт, ки ҳадафаш аз пахши санадҳои маҳрамона – намоиши то куҷо “ташнаи хун” будани нерӯҳои амрикоӣ ва бетафовутӣ ба зиндагии инсон буд. Ӯ афзуд, санадҳоеро барои нашр интихоб карда буд, ки ба бовараш ба манфиатҳои ИМА осебе нахоҳанд расонд.

Миёни онҳое, ки аз Маннинг пуштибонӣ мекунанд, Даниэл Эллсберг низ ҳаст, ки дар ибтидои солҳои 70-уми қарни гузашта асноди маҳрамонаи вазорати дифои ИМА оид ба ҷанг дар Вйетнамро фош карда буд. Ҳафт ҳазор саҳифаи “Асноди Пентагон” собит карда буданд, ки ҳукумати Амрико ҷомеъаро дар робита ба ҷанг дар Вйетнам гӯл задааст.

Ҳукми додгоҳи низомӣ дар баробари Брэдлӣ Маннинг чун бохти додситонӣ арзёбӣ мешавад, ки мехост ҷинояти низомӣ будани ироаи асноди маҳрамона ба сомонаҳои интернетиро собит кунад.

Баррасии мавзӯи барои чанд сол маҳкум ба зиндон кардани Брэдӣ Маннинг рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG