Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи Обама бо намояндагони Исроилу Фаластиниён


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба таври хусусӣ бо музокиракунандагони аршади Исроил ва фаластиниён гуфтӯгу кардааст. Як рӯз пеш, ду тараф баъд аз муддати тӯлонӣ дигарбора музокироти сулҳро аз сар гирифтанд. Як мақоми расмии Кохи Сафед бо шарти ифшо накардани номаш рӯзи сешанбе гуфт, ки “Обама бо раҳбарони ҳайъатҳои музокиракунанда аз ҳар ду тараф гуфтугӯ мекунад”. Ҳайъати Исроилро дар музокирот Тзипи Ливни, вазири адлия ва аз тарафи фаластиниён Соиб Аракот раҳбарӣ мекунанд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар музокирот дар Вашингтон ду тараф бе ҳузури миёнҷиҳои Иёлоти Муттаҳида суҳбат кардаанд. Қарор аст, дар идомаи музокирот, ки имрӯз пешбинӣ мешавад, Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико ширкат кунад. Музокироти мустақими Исроилу Фаластиниён, бинобар идомаи шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ аз тарафи Исроил моҳи сентябри соли 2010 қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG