Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати доварони тоҷик ба Афғонистон


Федератсияи Футболи Тоҷикистон мегӯяд, бозии дӯстонаи миёни Афғонистону Покистонро доварони тоҷик, доварӣ хоҳанд кард. Дар баёнияи расмии федератсия омадааст, ҳамкорони афғони онҳо, барои доварии ин бозӣ, ки рӯзи 20 август дар Кобул баргузор мешавад, доварони тоҷикро даъват кардаанд. Федератсияи Футболи Тоҷикистон ба ин бозӣ Рашван Эшматови 41-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва довари ФИФА-ро ва се ёвари дигараш аз ҳамин шаҳр ба Кобул хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG