Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамнун Ҳусейн раиси ҷумҳури Покистон мешавад


Бино ба натиҷаҳои ғайрирасмӣ, вакилони мардумии Покистон Мамнун Ҳусейн, номзади Ҳизби Лигаи Мусулмонони нахуствазир Навоз Шарифро раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар интихоб кардаанд. Азбаски аксарияти вакилони порлумон, аъзои ин ҳизб ҳастанд, интизор мерафт, ки Мамнун Ҳусейн ба ин мақом интихоб шавад. Раиси ҷумҳури Покистонро, ки салоҳиятҳои зиёде надорад, порлумон ва чаҳор масҷлиси вилоятӣ интихоб мекунанд. Мамнун Ҳусейн тақрибан 500 раъйро соҳиб шудааст, ягона рақиби ӯ аз Ҳаракати Адолати Покистон танҳо 73 раъй ба даст овардааст. Тоҷири 73-солаи покистонӣ акнун ҷойгузини Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти феълӣ хоҳад шуд, ки давраи панҷсолаи раёсати ӯ моҳи сентябр ба поён мерасад. Ҳизби Мардумии Покистони Зардорӣ раъйдиҳиро таҳрим кардааст.
XS
SM
MD
LG