Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бохтар ба имомхатибон замин медиҳанд


Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар дар мулоқот бо як ҳайъати эъзомии
Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, ба 186 имомхатиби ин ноҳияи замини хоҷагии деҳқонӣ ҷудо хоҳад кард, то ки онҳо зиндагии худро аз ин ҳисоб таъмин кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар Бохтар ба хотири иҷрои ин ташаббус як куммиссиюни вижа таъсис додаанд.
Рӯзи 4 июл дар мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён эълон шуд, ки барои имомхатибони масоҷиди ҷомеъ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2014 маош таъин мекунанд. Кумитаи дин мегӯяд, дар ҳоли роҳандозӣ шудани ин иқдом имомхатибони ҳудуди 410 масҷиди ҷомеъ ва ҷомеи марказии Тоҷикистон соҳиби маош хоҳанд шуд. Вале ҳаҷми маоше, ки ба имомхатибон дода хоҳад шуд, ҳанӯз маълум нест.
Мунтақидон мегӯянд, ҳадафи мақомот аз таъйини маош ба имом-хатибон ғолибан зери назорати бештари давлат овардани умури динӣ дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG