Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон 50 ҷангҷӯро нобуд кардаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар тӯли 24 соати гузашта 50 ҷангҷӯ аз ҷумла, ҷангҷӯёни хориҷиро дар амалиёте дар шарқи кишвар куштанд. Вазорати дифоъи Афғонистон бо нашри баёнияе дар рӯзи сешанбе гуфт, дар ин амалиёт, ҷангҷӯёни арабу покистонӣ, узбак ва чеченро ҳам маҳв кардаанд. Ба гуфтаи вазорат, амалиёти азим дар вилоятҳои Нангарҳор, Пактиё ва Лугар, “муносиб ва бомуввафақият “ пеш меравад. Рӯзе пеш аз ин вазорати мазкур гуфт, ки нерӯҳои амниятии афғон дар амалиёти ҷудогонаи амниятии якҳфтаина дар шарқи кишвар, 83 ҷангҷӯро куштанд. Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар аввали ҳамин моҳ, масъулияти таъмини амният дар тамоми кишварро бар ӯҳда гирифтанд. Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то охири соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG