Пайвандҳои дастрасӣ

6 мавриди харидуфурӯши маводи психотропӣ дар марказҳои дилхушӣ


Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар марказҳои дилхушӣ 6 мавриди харидуфурӯши маводи психотропӣ ошкор шудааст. Рустам Назаров, раиси ин ожонс рӯзи 30 июл дар нишасти хабариаш гуфт, "ташхис нишон дод, ки дар бархе аз дискоклубҳо ё марказҳои дилхушӣ мавориди хариду фурӯш ва истифодаи маводи психотропӣ ба мушоҳида расидааст." Ӯ афзуд, ин ингуна мавод ба Тоҷикистон бештар аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Тибқи иттилоъи масъулони ожонси зидди маводи мухаддир, соли гузашта миқдори 62 кило маводи синтетикии метанфитамин дар фурудгохи Душанбе мусодира шудааст. Бино бар ин манбаъ, мебоист ин миқдор маводро як шаҳрванди Афғонистон аз Душанбе ба Алма-Ато ва аз онҷо ба Малайзия интиқол диҳад. Аммо баъди боздошт додгоҳи Тоҷикистон ин қочоқбарро ба 17 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG