Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон раиси ҷумҳур интихоб мекунанд


Вакилони мардумии Покистон имрӯз раиси ҷумҳури нави ин кишварро интихоб мекунанд. Бештар аз 1000 узви порлумон ва чаҳор маҷлиси вилоятӣ, рӯзи сешанбе раъйдиҳиро шурӯъ карданд. Раиси ҷумҳури нав ҷойгузини Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти феълии Покистон хоҳад шуд, ки давраи панҷсолаи раёсати ӯ моҳи сентябр ба поён мерасад. Интизор меравад, Мамнун Ҳусейн, номзади Ҳизби Лигаи Мусулмонони нахуствазир Навоз Шариф дар раъйдиҳӣ пирӯз шавад, зеро аксарияти курсиҳои порлумонро дар даст дорад. Ҳизби Мардумии Покистони Зардорӣ раъйдиҳиро таҳрим кардааст. Раиси ҷумҳури Покистон қудрату салоҳиятҳои зиёде надорад.
XS
SM
MD
LG