Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори собиқи Бишкек ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи пойтахти Қирғизистон, раиси собиқи ин шаҳр Наримон Тулеевро ба фасодкорӣ гунаҳкор донист ва ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар ин додгоҳ, чанд мақоми собиқи баландпояи шаҳрдории Бишкек бо айни гуноҳ аз 5 то 13 соли зиндон маҳкум шуданд. Наримон Тулеев мегӯяд, ки ин иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ӯ дар аҳди Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон шаҳрдори Бишкек буд ва баъдан аз тарафи ҳизби мухолифи Отаҷурт вакили порлумон шуд. Наримон Тулеевро соли 2012 бо иттиҳоми фаасодкуорӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт карданд. Ба гуфтаи додситонҳо, Тулеев бо мудирияти нодурусташ ба давлат 1 миллиону 400 ҳазор доллар зарар расондааст.
XS
SM
MD
LG