Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи ҳудуди 100 тонна маводи мухаддир дар 20 сол


Мақомоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 1994 то кунун дар қаламрави кишвар 99 тонаву 208 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст. Рустам Назаров, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "ин миқдор маводе, ки мусодира шудааст, ба таври қочоқӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудааст".

Ҷаноби Назаров афзуд, ки аз ин ҷумла 32, 5 тонаи он ҳероин, 36, 1 тона тарёк ва 29, 1 тонаи дигар ҳашиш будааст. Ҳамзамон раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 3 тонаву 743 килограм маводи мухаддир кашфу мусоидар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 11 дарсад бештар аст.

Зимнан, ба таъкиди Рустам Назаров, дар ин муддат дар қаламрави кишвар 537 ҷинояти вобаста ба интиқол ва қочоқи маводи мухаддир сабт шудааст, ки дар муқоиса ба шаш моҳи соли гузашта беш аз 4 дарсад зиёд аст. Ҳамчунин ба иттилои раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 33 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ ба иттиҳоми интиқол ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Рустам Назаров гуфт, ки аз ин ҷумла 27 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон, 1 нафарӣ аз Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳастанд. Ба гуфтаи ҷаноби Назаров, аз шаҳрвандаони хориҷӣ дар ин давра 447 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса ба соли пеш 356 килограм зиёд аст. Аз сӯи дигар дар ин муддат ба таъкиди раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддир, 49 шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар, ба хусус Русия ва Қирғизистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG