Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кетрин Эштон бо Мурсӣ мулоқот кардааст


Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ду соат мулоқот кардааст. Ӯро шаби душанбе бо чархбол ба маҳалли махфие бурдаанд, ки Мурсӣ баъди аз мақомаш барканор шудан аз тарафи артиши Миср дар онҷо нигаҳ дошта мешавад. Мая Косиансич, сухангӯи Кетрин Эштон, дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, ки Мурсӣ ва Эштон “гуфтӯгуи муфасссал” доштаанд. Додситонҳо Мурсиро ба ҳамкорӣ бо созмони Ҳамос ба хотири анҷоми “амали хасмона” дар соли 2011 муттаҳам мекунанд. Масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин бо Абдулфаттоҳ ал-Сиси, фармондеҳи артиши Миср ва дастандаркори барканории Мурсӣ мулоқот кардааст. Кетрин Эштон бо Одил Мансур, раиси ҷумҳури муваққат ва муовини ӯ Муҳаммад ал-Бародаӣ, мулоқот карда ва аз раҳбарони Миср хостааст, ки созмони исломгарои Ихвонулмуслимини Мурсӣ ҳам дар ҷараёнҳои сиёсӣ шомил карда шавад.
XS
SM
MD
LG