Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозсозии девораҳо арзиши Ҳулбукро коҳиш намедиҳад?


Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи барқарорсозии девори қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ 1 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Ин дар ҳолест, ки корҳои бозсозии деворҳои кӯҳани ин қаср ҳангоми таҷлили 2700 солагии Кӯлоб дар соли 2006 оғоз ёфта буд, вале пас аз ҷашн манъ шуда буд. Рустам Латипов, раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ мегӯяд, маблағҳо барои барқарорсозии деворҳои қасри шоҳони Ҳулбук марҳила ба марҳила ҷудо мешавад.

Ӯ гуфт: «Ин иншооти идораи сохтмонии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Назораташ ҷиддист. Корҳо ҳоло рафта истодааст ва дар оянда низ идома мекунад. Ҳамзамон, корҳои археологиву ҷусутҷӯӣ низ идома дорад. Чизи нав пайдо мешавад ва боз сохтмон идома мекунад.»

ПАС АЗ ҲАЗОР СОЛ ДЕВОРҲО 10 МЕТР КАМ ШУДАНД

Деворҳое, ки ҳоло месозанд, болои деворҳои қадим бунёд мегарданд. Абдулло Хоҷаев, директори Қасри Шоҳони Ҳулбук мегӯяд, дар гузашта баландии деворҳои ин қаср ба 23 метр мерасидааст, вале ҳоло сохтмончиён танҳо баландии онро 13 метр девор мекунанд, зеро эҳтимол дорад, таҳкурсӣ тавони бардошти чунин девори баландро надошта бошад.

Дар ҳоле, ки бозсозии деворҳои Ҳулбук идома дорад, аз сӯи дигар қисмате аз хиштҳои панҷ соли пеш бунёд шудаи ин қаср рӯ ба харобшавӣ ниҳодаанд. Шамшод, як таҷрибаомӯзи факулати таърихи Донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, хиштҳои қасри шоҳони Ҳулбук ҳазор сол боз осеб надидаанд, аммо хиштҳое, ки тоза дар бозсозии деворҳои он истифода мекунанд, хароб мешаванд. Ӯ мегӯяд, қисме аз хиштҳои тоза чидашуда дар зимистон сард хӯрдаанд ва дар гумон аст, ки онҳо ба ҳайси хиштҳои таърихӣ хидмат кунанд.

АСРОРИ ХИШТИ ҲУЛБУК

Абдулло Хоҷаев, мудири осорхонаи Ҳулбук мегӯяд, воқеан, хиштҳои ҳозиразамон бо хиштҳои таърихӣ қиёснашавандаанд. Ба гуфтаи ӯ, хиштҳое, ки ҳоло истифода мешаванд, бо супориши марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири кишвар дар ҳарорати махсус ва бо сифати баланд омода шудаанд, вале бо ин вуҷуд, ба хиштҳои таърихии Ҳулбук аз лиҳози сифат баробар нестанд.

Ӯ бо таърифи сифати хиштҳои кӯҳна гуфт: «Лойи ин хиштҳо махсус буд. Дар палҳои махсус об мегузоштанд ва аввал намакро аз хок ҷудо мекарданд. Баъдан бо асбҳо сумб мезаданд. Баъдан, дар қолабҳо рехта онро мепухтанд. Ду бор онро мепухтанд. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ҳангоми дуюмбора пухтан, дар хиштҳо як қабати муҳофизатӣ пайдо мешуд. Маҳз ҳамин қабати ҳифзи ин хиштҳоро ҳазор сол нигаҳ доштааст. Аз сӯи дигар, вақте хиштро буй мекунӣ, аз он бӯи равғани растании зағир меояд, яъне болои хиштҳо пас аз пухтан равған мемолиданд, ки онро аз намӣ нигаҳ медорад. Барои ҳамин ҳеҷ хиште бо он хишт баробар шуда наметавонад. »

Бо дарназардошти ин, Хоҷаев мегӯяд, сохтани хишт, амсоли хиштҳои куҳани Ҳулбук меҳнати зиёд ва маблағи ҳангуфтро талаб мекунад, ки ҳоло дар ихтиёр нест.

ДЕВОРҲОИ НАВ АРЗИШИ ТАЪРИХИРО ПОЁН МЕБАРАД?

Дар ҳоле, ки корҳои сохтмонӣ идома дорад, бархе аз бостоншиносон мегӯянд, ин деворҳои тоза сохташуда қиммати таърихии Ҳулбукро коҳиш медиҳад. Як бостоншиноси маҳаллӣ, ки нахост исмашро сабт кунем, гуфт, ЮНЕСКО - созмони фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид танҳо ба хотири ҳифзи деворҳои Ҳулбук онро ба рӯйхати ёдгориҳои нодир ворид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, вақте, ки болои он деворҳо девори нав бунёд мешавад, дигар далеле барои нодир ва зери хатар боқӣ мондани он боқӣ намемонад ва эҳтимол ЮНЕСКО онро пас аз бозсозӣ аз рӯйхати ёдгориҳо худ берун кунад:

«Аслан, ЮНЕСКО ёдгориҳоеро ҳифз мекунад, ки қадимианд ва зери хатар қарор доранд. Аммо бубинед, ки ҳоло мо хатарро гӯё бартараф мекунем ва онро бозсозӣ мекунем, ки дигар асолати таърихиаш боқӣ намемонад. Бо чунин тарзи сохтмон ҳамаи чизҳои таърихиаш гум мешаванд. Ин тарзи сохтмон аслан қобили қабул нест.»

Аммо масъулини қасри Шоҳони Ҳулбук мегӯянд, дар дохили Қасри Шоҳони Ҳулбук ҳуҷраҳои зиёд, қубурҳои обгузар ва даҳҳо номгӯи бозёфтҳои таърихӣ боқӣ мондааст ва ин девор танҳо онҳоро муҳофизат мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ЮНЕСКО на девор, балки ёдгориҳои дохилӣ деворро ҳифз мекунад ва ин сохтмон ба мавқеи ин созмони фарҳангии ҷаҳонӣ ҳеҷ мухолифат надорад.

Ковишҳои Қасри шоҳони Ҳулбук аз аввалҳои солҳои 1930-и асри гузашта оғоз ёфт. Соли 2003 бозсозии он шурӯъ шуд, ки то кунун идома дорад. Ин Қасри таърихӣ мутаалиқ ба асрҳои 6-10-и милодӣ аст. Ин қаср пойтахти Хуталони қадим будааст, ки бори охир ҳангоми ҳуҷуми туркҳо дар соли 1064 зиндагӣ он ҷо барҳам мехӯрад.
XS
SM
MD
LG