Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз фармондеҳи ситоди артиши Амрико бо Раҳмон мулоқот мекунад


Генерал Ллойд Ҷей Остини 3

Генерал Ллойд Ҷей Остини 3

Қарор аст имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо генерал Ллойд Ҷей Остини 3- фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар Душанбе мулоқот кунад. Генерал Остин 29 июл барои боздид вориди Тоҷикистон шуд.

Як манбаъи ҳукуматӣ ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки генерали амрикоӣ ҳамчунин бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо вазъ дар Афғонистон ва дурнамои ҳамкориҳо баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 баррасӣ шавад.

Генерал Остин рӯзи якшанбе дар Кобул бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот дошт. Вай аз африқоитаборони амрикост, ки моҳи марти соли равон ба симати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG