Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилояти суғд аз олудаҳои корхонаҳои саноатии Узбакистон хабар дод


Кормандони муҳити зисти вилояти Суғд таъсири манфии корхонаҳои саноатии Узбакистонро, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷой гиранд, ошкор кардаанд. Дар ин бора Хуршед Саидов-сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи Саидов, ҳар моҳ дар ноҳияҳои Масчоҳу Спитамен ва Зафарободу Бобоҷон Ғафуров таъсири корхонаҳои Узбакистон ба вазъи муҳити зист санҷида мешавад.
Дар ноҳияи Масчоҳ таъсири корхонаи гидрометаллургии Алмалики Узбакистон мушоҳида мешавад. Партовҳои моеи ин корхона ба об ҳамроҳ шуда ба киштзорони ноҳияи Масчоҳ меравад. Дар таркиби ин партовҳо олудаҳое вуҷуд дорад, ки заминро беҳосил мекунад ва ба обҳои зерзаминӣ ҳамроҳ мешавад.

Гузашта аз ин, корхонаи тавлиди сементи Бекобод муҳити атрофро олуда ва ба саломатии аҳолии маҳал зарар мерасонад. Оқои Саидов ёдовар шуд, ки то ҳол мизони зарари корхонаҳои кишвари ҳамсоя ба муҳити зисти вилояти Суғд ҳисоб карда нашудааст.
XS
SM
MD
LG