Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон аз мақомоти Миср хост, ки бо Ихвонулмуслимин тамос гирианд


Мулоқоти Кэтрин Эштон бо генерал Сисӣ дар Қоҳира
Мулоқоти Кэтрин Эштон бо генерал Сисӣ дар Қоҳира
Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбарони Миср дархост кард, ки бо Ихвонулмуслимин тамос гиранд ва роҳҳои ҳали бӯҳрони хушунатомезро пайдо кунанд. Эштон дар Қоҳира бо генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ-фармондеҳи артиши Миср мулоқот кард. Сисӣ шахсест, ки дар авоили моҳи ҷорӣ дар паси барканории Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгаро қарор дошт.

Кэтрин Эштон ҳамчунин бо Муҳаммад ал Бародеӣ-муовини раиси ҷумҳур ва бо Адлу Мансур-раиси ҷумҳури давраи гузор мулоқот кард. Дар бораи ҷузъиёти ин мулоқотҳо хабар дода намешавад, вале Кэтрин Эштон қабл аз вуруд ба Қоҳира эълон кард, ки вай омода аст бо ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла бо гурӯҳи Ихвонулмуслимин мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG