Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон тундравҳо ба зиндон ҳамла бурданд


Мақомоти пулис дар шаҳраки Дара Исмоил Хони шимоли ғарби Покистон мегӯянд, ки тундравҳо ба зиндоне ҳамла бурдаанд, ки дар он афроди Толибон ва пайравони равияҳои дигар нигаҳдорӣ мешаванд.

Суҳайл Холид-раиси пулиси маҳал мегӯяд, садои чанд инфиҷор ба гӯш расидааст. Сипас тунддравҳо ҳангоми ҳамла ба зиндон аз мусалсал ва хумпораандозҳо оташ кушодаанд.

Ҳангоме, ки ин хабар таҳия мешуд, дар бораи идомаи даргирӣ миёни нируҳои амниятӣ ва тундраҳо гузориш медоданд. Дара Исмоил Хон дар наздикии манотиқи қабиланишини Покистон ҷойгир аст ва дар он ҷо афроди Толибон, тундравҳо ва афроди ал Қоида паноҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG