Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷорҳои Ироқ дастикам 60 нафар кушта шуданд


Яке аз маҳаллоти инфиҷор дар шаҳраки Кут

Яке аз маҳаллоти инфиҷор дар шаҳраки Кут

Дар як силсила бамгузориҳои Бағдод ва манотиқи дигар дастикам 60 нафар кушта ва бештар аз 200 нафар маҷруҳ шудаанд. Бино ба матлумоти мақомоти расмии Ироқ, дар 9 ноҳияи Бағдод ва дар канори Муҳаммадия 11 инфиҷори мошини бамгузоришуда сурат гирифтааст.

Илова бар ин, ду инфиҷор дар шаҳраки Кут, дуто дар Самаво рух додааст. Дар шаҳри Басра як инфиҷори дигар ба вуқуъ пайвастааст.

Гурӯҳи нозирони Ироқ мегӯянд, ки дар маҷмуъ дар моҳи июл дар Ироқ бештар аз 800 нафар кушта шудаанд. Ин задухурдҳо бештар миёни пайравони шиа ва суннӣ ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG