Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия шоколадҳои Украинаро "душман" эълон кард


Раҳбарони Русия ва Украина, 27 июл дар Киев

Раҳбарони Русия ва Украина, 27 июл дар Киев

Солҳои ахир Русия воридоти бархе анвоъи маводи хӯрокаро аз кишварҳои гуногун мамнӯъ эълон кардааст.

Шароб ё винои Молдова, панири Украина, шир ва шакари Беларус, шароб ва обҳои маъдании Гурҷистон аз ҷумлаи чунин мавод ба шумор мераванд.Тоҷикистон низ аз чунин мониагузориҳои Русия дар гузаштаҳо "бенасиб" набуд. Геннадий Онишенко - раиси “Роспотребнадзор” меваҳои хушки Тоҷикистонро низ аз чунин “илтифот”-и худ дур нагузоштааст. Ин ҳама бо баҳсҳои сисёсӣ ё ҳақталошии ин кишварҳо бо Русия иртибот дошт.

Ҳоло Маскав бо шоколадҳои Украина “ҷанг “ эълон кардааст ва воридоти онро ба қаламрави худ иҷоза намедиҳад.29 июл Онишенко эълон кард, ки ба шоколадҳо ва шириниҳои дигари сохти Украина, аз ҷумла сохти ширкати “Рошен” иҷозаи вуруд намедиҳанд.

Шоколади ширкати "Рошен"

Шоколади ширкати "Рошен"

Як корманди ин ширкат зимни суханони худ аз шабакаи тиҷоратии телевизиони ҳамном, яъне “Рошен” гуфт, Онишенко тавассути хабаргузории Интерфакс эълон кардааст, ки кормандони “Роспетребнадзор” дар таркиби шоколадҳои ширии ширкати “Рошен” меъёрҳои баланди карсиноген ва бензопиренро ошкор кардаанд.

Аммо ширкати “Рошен” иддао мекунад, ки корхонаҳои тавлиди шириниворӣ дастуруламалҳои тавлидотии на танҳо Украинаро дар бораи таркиби шоколадҳо, балки дастуруламалҳои Русияро низ риоят мекунанд ва дар давоми 15 соли фаъолияти худ боре ҳам аз Русия шикоят нашунидаанд.

“Рошен” даҳҳо навъ ширинӣ ва шоколад тавлид мекунад ва мегӯяд, ки то ҳол аз мақомоти Русия дар бораи манъи воридот санаде дарёфт накардааст.

Воридоти шоколаду шириниҳои Украина ба Русия дар ҳоле мамнуъ эълон шудааст, ки дар охири ҳафтаи гузашта Украина 1025-умин солгарди гаравидани Украина ба масеҳият ё равияи христианиро таҷлил кард ва чунин ба назар мерасид, ки гӯё ин ду кишвар аз ваҳдати худ , яъне аз ваҳдати Русияву Украина ҷонибдорӣ мекунанд.

Вале изҳороти Онишенко муносиботи миёни ду кишвари ҳасмсояро ба маҷрои моҷароҷӯёнаи худ баргардонд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки манъи воридоти шоколад ба он иртибот дорад, ки Украина ба мошинҳои сохти Русия боҷи гумрукӣ эълон кардааст.

Киев ҳамчунин дар баҳсҳои тиҷоратӣ бо Русия роҷеъ ба молиёти такрорӣ барои мошинҳои кӯҳнаи хориҷӣ бартарӣ додааст, ки рӯ ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат орад. Ин кор Русияро ба ғазаб овард ва дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар посух ба ин иқдом Нахуствазир Микола Азаров ва муовинаш Серҳий Арбузов

Нахуствазир Микола Азаров ва муовинаш Серҳий Арбузов

эълон кард, ки барои ангишту шоколад ва шишаи Украина боҷи ҷавобии гумрукӣ гузошта шавад.

Антон Ануфриенко - сардабири “Коммерсант-Украина” мегӯяд, мардум то ин дараҷа фикр намекарданд, ки кор то ба манъи воридоти ширишиворӣ мерасад. Вай мегӯяд, ҳар гоҳ ки боҷи гумрукӣ барои мошинҳои Русия аз миён бардошта шавад, шоколадҳои Украина ба “меъёр дуруст” ва мушкил ҳал хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин Серҳий Арбузов - муовини нахуствазири Украина рӯзи душанбе ҳангоми сӯҳбат роҷеъ ба манъи воридоти шоколад инкор кард, ки ин ду кишвар ба “ҷанги тиҷоратӣ” машғул нестанд ва ҳар ду кишвар ин масъаларо меомӯзанд ва дар рӯзҳои наздик дар ин бора эъломияе пахш мекунанд.

“Рошен” аз ширкатҳои тавлидкунандаи шоколади Украина аст, ки ба 9 кишвари пасошӯравӣ, ба Амрико, Канада ва Олмону Исроил фаровардаҳои худро содир мекунад. Соли гузашта содироти ин ширкат ба Русия ба 40 миллион доллар расид. Соҳиби ин ширкат миллиардер ва “шоҳи шоколад” Петро Порошенко аз дӯстони Виктор Юшенко - раҳбари "инқилоби норинҷӣ" мебошад ва бо Виктор Янукович - раисиҷумҳури кунунӣ низ равобити худро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG