Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази Тунис "минтақаи мамнӯи низомӣ" эълон шуд


Мақомоти Тунис маркази пойтахтро минтақаи мамнӯи низомӣ эълон карда онро бо симхор печониданд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷонибдорон ва мухолифини ҳукумат намоишҳои эътирозии худро баргузор мекарданд.

Аз ин пеш рӯзи душанбе дар канори қароргоҳи волии шаҳри Сиди-Бузид намоиши эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумати зери назорати ҳизби исломии “Ан-Наҳда” пароканда карда шуд. Садҳо эътирозгарон ба вуруди мансабдорон ба бино монеъ шуданд ва сӯи кормандони полис санг андохтанд. Полис дар ҷавоб алайҳи онҳо аз гази ашковар истифода кард.

Сиди-Бузид зодгоҳи як аз раҳбарони мухолифин Муҳаммад Браҳимист, ки рӯзи панҷшанбе гузашта аз тири фарди ношинос ба ҳалокат расид. Баъди ин куштор дар Тунис намоишҳои оммавии эътирозӣ аз сар гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG