Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи ситоди марказии артиши ИМА ба Душанбе омад


Ллойд Ҷей Остин

Ллойд Ҷей Остин

Хабаргузории «Авесто» навишт, ки фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Ллойд Ҷей Остини сеюм рӯзи 29 июл бо як сафари шиносоӣ вориди Душанбе шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар ҳукумат гуфтааст, ки қарор аст, генерали амрикоиро рӯзи сешанбе раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур бипазирад. Ба гуфтаи ин манбаъ, шояд дар ин дидор вазъи Афғонистон баррасӣ шавад. Дар вазорати дифоъ гуфтаанд, ки Ллойд Остин бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ мулоқот мекунад.

Ллойд Остин нахустин амрикоии африқоитабор аст, ки моҳи марти соли равон ба симати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико таъйин шуд. Генерал Остин рӯзи якшанбе дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG