Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ хостори маъзаратхоҳӣ аз мухолифин шуд


Раҳбари олии Эрон аз афроде, ки ҳукуматро дар тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳуриии соли 2009 айбдор карда буданд, хостори маъзаратхоҳӣ шуд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар муроҷиат ба гурӯҳи донишҷӯён дар Теҳрон гуфт, ки “намоишҳои ғайриқонунӣ баъд аз интихобот метавонистанд Эронро мувоҷеҳ ба бесомониҳо кунанд. Хабаргузории давлатии IRNA ин гуфтаҳои Хоманаиро овардааст: "Чаро онҳое, ки дар бораи тақаллуб ҳарф мезаданд, мардумро барои ба хиёбонҳо рехтан маҷбур сохтанд?”

Аммо раҳбари Эрон дар бораи он ки киҳо бояд маъзаратхоҳӣ кунанд, чизе нагуфт.
Изҳороти Алӣ Хоманаӣ дар ҳоле нашр шуд, ки баъзе вакилони Маҷлиси Эрон хостори лағви ҳукми ҳабси раҳбарони мухолифин – Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ шуданд. Ҳарду онҳо аз соли 2011 ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Мирҳусейни Мӯсавӣ, номзади ислоҳотталабон, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар соли 2009 баъд аз Маҳмуди Аҳмадинажод дар мақоми дуюм қарор дошт. Пирӯзии Аҳмадинажод боиси эътирозҳои густурда ва истифодаи нерӯ аз сӯи ҳукумат гардид.
XS
SM
MD
LG