Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши нӯҳ мошини ҳомили маводи тарканда дар маҳаллаҳои гуногуни Бағдод ва атрофи он, ба иттилои ахир, тақрибан 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти ироқӣ, беш аз 220 каси дигар ҷарҳоат бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки панҷ мошин дар мавзеъҳои шианишини Бағдод инфиҷор шудаст. Як мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар шаҳри Ал-Маҳмудия, воқеъ дар 15-километрии пойтахти Ироқ, тарконида шуд. Ду мошини дигар дар шаҳри Кут, дар ҷанубу шарқи Бағдод, мунфаҷир гардид.

Ба иттилои хабаргузории Франс-пресс, фақат моҳи равон дар Ироқ бар асари таркишҳову ҳамлаҳо 770 нафар ҷон бохтаанд.
Коршиносон болоравии хушунат дар кишварро бо тезутундтар шудани низоъ миёни аққалиятҳои суннимазҳаб ва ҳукумати Ироқ, ки фақат аз шиаҳо таркиб ёфтааст, марбут мекунанд.
XS
SM
MD
LG