Пайвандҳои дастрасӣ

Ковишҳои бостоншиносӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мавзеъи таърихиеро кашф кард, ки гуфта мешавад, ба аҳди Кӯшониён марбут аст. Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор рӯзи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "археологҳо дар теппаи Золи Зар мавзеъи таърихии "Саксанохӯр"-ро кафш карданд".

Ба гуфтаи ҷаноби Каримов, гурӯҳи бостоншиносон дар ин мавзеъ ҷасадҳои бо найза кушташуда, корд ва дигар лавозимоти таърихиро пайдо кардаанд. Раиси ноҳияи Фархор гуфт, ки таҳқиқи олоти ёфтшуда дар ин мавзеъи таърихӣ ҳокист, ки он ба аҳди Кӯшониён, асрҳои 1- 3 пеш аз милод рабт мегирад."
XS
SM
MD
LG