Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати нӯҳ нафар дар таркише дар Зобул


Таркиши бомб дар вилояти Зобул, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, 9 кушта бар ҷой гузошт. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса як корманди полис ва ду муҳофиз ҳам ба ҳалокат расиданд. 12 нафари дигар, асосан кудакон, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон фиристода шуданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳамлаи террористӣ шоми якшанбе сурат гирифт ва алайҳи муовини раиси полиси вилояти Зобул равона шуда буд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.

Ба иттилои ҳайати фармондеҳии НАТО, рӯзи якшанбе дар як мавзеи воқеъ дар маркази Афғонистон як сарбози хориҷӣ кушта шуд. Дар бораи ҳуввияти сарбоз ва чӣ гуна ба ҳалокат расидани ӯ иттилоъ дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG