Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар корхонаи кимиёии Узбакистон чанд кушта ба ҷой гузошт


Корхонаи кимиёии “Navoiyazot” дар канораи шаҳри Навоӣ
Корхонаи кимиёии “Navoiyazot” дар канораи шаҳри Навоӣ

Бар асари инфиҷор дар сехи атсетилени корхонаи кимиёии “Navoiyazot” дар Узбакистон ду нафар кушта ва чандин тан маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти расмии Узбакистон гуфтаанд, дар натиҷаи таркиш дар калонтарин корхонаи саноатии Узбакистон “Navoiyazot” дар вилояти Навоӣ ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Бар асари ин таркиш шӯъбаи истеҳсоли атсетилен ва чанд сехи дигари он аз фаъолият мондаанд. Инфиҷор рӯзи 27 июл, дар ҷараёни як шанбегӣ дар ҳудуди корхона ба амал омада, манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудагонро даҳ нафар гуфтаанд.

Ҳамчунин бархе аз манбаъҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бора ду таркиш дар ин корхона хабар додаанд. Рӯшан нест, инфиҷор дар калонтарин корхонаи кимиёии Узбакистон чӣ миқдор заҳрҳои кимиёиро ба ҳаво партофтааст ва ин ҳолат ба муҳити зисти Узбакистону Тоҷикистон чӣ таъсир дорад. Вилояти Навоӣ ғарбтар аз Самарқанд, воқеъ буда, аз тариқи ин вилоят ба водии Зарафшони Тоҷикистон наздик аст. Ҳамчунин бодҳои шимолӣ метавонанд бухорҳои заҳролудро ба манотиқи ҷанубии Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Як намояндаи ҳокимияти шаҳри Навоӣ ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, мақомот аз таркиш дар “Navoiyazot” огоҳанд ва рӯзи 27-уми июл вазъият дар корхона ва минтақаро дар як ҷаласаи фавқулода баррасӣ кардаанд. Ин манбаъ, бе зикри номаш гуфтааст, ки вазъият ба эътидол омада, гурӯҳи коршиносон сабабҳои сар задани таркишро меомӯзад. Корманди додситонии вилояти Навоӣ гуфт, барои таҳқиқи воқеа коршиносон аз манотиқи гуногуни кишвар даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ин таркиш ба муҳити атроф таъсир надоштааст.

Аммо кормандони бемористонҳои шаҳр ва вилоят гуфтаанд, чанд нафар аз ин таркиш осеб дида, ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Ҳарчанд сардухтури бемористони вилоятӣ ба бахши реаниматсия ё эҳё оварда шудани маҷрӯҳонро тасдиқ кард, аз ифшои шумораи онҳо худдорӣ намуд. Бархе аз манобеъ гуфтаанд, дар ин воқеа 15 тан захм бардоштаанд.

Дар сомонаи интернетии “Navoiyazot” навишта шудааст, ки ин корхона дар соли 1964 дар канораи шаҳри Навоӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 10 000 нафар бо тавлиди беш аз 60 номгӯй моддаҳои кимиёӣ машғуланд. Хабари таркиш дар сехи атсетилени ин корхона нахуст дар сомонаи расмии Nav.uz нашр шуда, аммо баъд аз чанд соат ин торнамо ғайри қобили дастрасӣ шуд. Дар ин байн хабари инфиҷор ба аксари шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт.
XS
SM
MD
LG