Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни низоъ дар Миср бештар шудааст


Як мақоми вазорати беҳдошти Миср гуфтааст, теъдоди қурбониёни даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар шаҳри Қоҳира ба 72 нафар расидааст. Муноқишаҳо, ки шаби ҷумъа шурӯъ шуд ва то рӯзи шанбе идома карданд, бадтарин муноқишае баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури исломгарои Миср аз мақомаш буд. Артиши Миср ӯро рӯзи сеюми июл аз мақоми раиси ҷумҳур барканор кард. Созмони Ихвонулмуслимин мегӯяд, дар муноқишаҳо бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Низоъ замоне сар задааст, ки тазоҳургарони тарафдори Муҳаммад Мурсӣ хостаанд, дар хиёбони дигаре ҳам ҷамъ биёянд, вале ба муқовимати нерӯҳои пулис ва низомиёни мусаллаҳ рӯ ба рӯ шудаанд. Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ гуфтаанд, ки бо вуҷуди ин хушунатҳо ба тазоҳуроташон идома медиҳанд.Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи шанбе дар як баёнияе гуфт, “Миср дар лаҳзаи ҳассосе қарор дорад” ва аз ҳамаи тарафҳо хост, “аз варта ақиб гарданд.”
XS
SM
MD
LG