Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ним сол 570 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтаанд


Бино ба иттилои Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон, тайи шаш моҳи соли равон андаке бештар 570 ҳазор нафар кишварро тарк карда ва тақрибан 300 ҳазор нафари дигар баргаштаанд. Бо вуҷуди афзоиши умумии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон, ба хориҷ рафтани шаҳрвандони кишвар дар моҳҳои апрел ва май ва тобистон камтар шудааст. Масалан моҳи гузашта тақрибан 84 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки назар ба моҳи май аз 21, 6 дар сад камтар аст. Бино ба омори расмӣ, дар худи Тоҷикистон дар шаш моҳи гузашта бештар аз 116 ҳазор ҷойи кории нав офаридаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дар сад бештар аст.
XS
SM
MD
LG