Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷашнҳои бошукӯҳи мазҳабӣ дар Украина


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар маросими тақдиси зангӯлаи нав дар як калисои наздики шаҳри Севастополи Украина ширкат карданд. Маросими тақдиси ноқуси Калисои Владимир бахше аз маросимҳои таҷлили 1025-умин солгарди ба дини масеҳӣ гаравидани Руси Киев аст, ки бунёдгузори Русия, Украина ва Ҷумҳурии Белорус маҳсуб мешавад. Калисои Владимир дар Херсонес маҳалле воқеъ шудааст, ки бино ба ривоятҳо, Шоҳзода Владимири Бузург соли 988 дар ҳамонҷо ғусли тамъид шудааст. Баъди ҳузур дар маросими тақдис, Виктор Янукович ва Владимир Путин дар ҷашнҳои Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ ширкат доштанд, ки ҳарду кишвар рӯзи якшанбе таҷлил мекунанд. Нерӯҳои баҳрии Русия дар Баҳри Сиёҳ, ки дар Севастопол мустақар шудаанд ва раҳпаймоӣ баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG