Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керри аз мисриҳо хост, аз варта ақиб гарданд


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, хушунатҳои афзояндаи маргбор, Мисрро ба як “марҳилаи ҳассос” расондааст ва аз мардуми Миср хост, “аз варта ақиб гарданд. Ҷон Керри дар ин бора баъд аз он сухан гуфт, ки нерӯҳои амниятии Миср рӯзи шанбе даҳҳо нафар аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои ин кишварро куштанд. Бо вуҷуди ин, ҳазорон нафар аз тарафдорони созмони исломгарои Ихвонулмуслимини Муҳаммад Мурсӣ дар маҳалли тазоҳурот дар назди масҷиде дар Қоҳира нишаст ва гуфтаанд, ки аз ин ҷо намераванд. Вазири беҳдошти Миср мегӯяд, дар хушунатҳои рӯзи шанбе 65 нафар кушта шуданд, аммо ба гуфтаи Ихвонулмуслимин теъдоди қурбониён аз 100 нафар гузаштааст. Нӯҳ нафари дигар дар муноқишаҳои шаҳри Искандария ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG