Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маросими дафни Браҳимӣ ҳазор нафар ширкат карданд


Дар Тунис ҳазорон нафар дар маросими дафни як сиёсатмадори мухолифи давлат ширкат карда ва шиорҳои зиддиҳукуматӣ сар доданд. Муҳаммад Браҳимиро афроди мусаллаҳ рӯзи сешанбе куштанд. Пеш аз ӯ дар моҳи феврал Чукри Билайд, яке дигар аз ҳамсафони мухолифин низ дар сӯиқасде ҳалок шуд. Муҳаммад Браҳимиро рӯзи шанбе дар назди гӯри ҳамин сиёсатмадор дафн карданд. Ҳукумати ба раҳбарии исломгароёни мӯътадили Тунис, қатли ин ду нафарро кори дасти ифротгароёни исломӣ хондааст. Аммо аҳзоби тарафдори низоми дунёвӣ хостори пароканда кардани ҳукумат шудаанд. Рӯзи шанбе, маъмурони пулиси Тунис бо истифода аз гази ашковар, тазоҳургарони тарафдори низоми дунявӣ ва исломгароёнро аз назди порлумон пароканда кард. Тунис баъди сарнагун кардани раҳбари худкомааш дар соли 2011, марҳилаи сахти гузаришро пушти сар мекунад.
XS
SM
MD
LG