Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи қатор дар Испанияро ба додгоҳ мекашанд


Хорхе Фернандез Диаз, вазири умури дохилии Испания, гуфт, ронандаи қатореро, ки аз роҳаш хориҷ шуд ва 78 нафарро кушт, эҳтимолан «ба қатл аз беэҳтиётӣ» муттаҳам хоҳанд кард. Франсиско Гарзони 52-соларо, ки аз сараш ҷароҳат бардошта буд, рӯзи шанбе аз шифохона ҷавоб доданд, вале ӯ дар боздошт аст ва рӯзи якшанбе ба додгоҳ эҳзор карда мешавад. Ба гуфтаи пулис, Франсиско Гарзон қаторро бо суръати беш аз ҳад баланд рондааст, ки дар натиҷа қатор дар гардише аз роҳаш хориҷ шуда ба девор бархӯрдааст. Фалокат рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии шаҳри Сантиаго де Компостела рух дод ва бадтарин садамаи қатор дар 70 соли ахир дар Испания аст. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳодиса захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG