Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба як посгоҳи соҳилии Покистон


Афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи соҳилӣ дар Покистон ҳамла карда ва 7 посбони онро куштаанд ва 5 тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Як мақоми расмии вилояти Балуҷистон, маҳалли ҳодиса ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла рӯзи шанбе ва дар шаҳри соҳилии Гвадар, дар наздикии марзи Покистону Эрон ба вуқӯъ пайвастааст. Афроди мусаллаҳ баъди ҳамла аз инҷо гурехтаанд. Гурӯҳи ҷудоиталаби Ҷабҳаи Озодии Балуҷистон, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Балуҷистон пайваста аз ҳамлаҳои тундгароёни исломӣ ва ҷудоихоҳоне ранҷ мекашад, ки даъвои худмухторӣ ва саҳми бештар аз манобеъи табии ин вилоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG