Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори нав дар бораи қурбониёни тазоҳуроти Миср


Дар муноқишаҳои пас аз тазоҳуроти азими тарафдорону мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, даҳҳо нафар кушта шуданд. Тарафдорони раиси ҷумҳури исломгаро мегӯянд, ки маъмурони амниятӣ ба сӯи онҳо тир кушода ва бештар аз 100 нафарро куштанд. Аммо вазорати беҳдошти Миср гуфт, теъдоди қурбониён танҳо 38 нафар аст. Интизор меравад, ки ин хунрезӣ, бесарусомонӣ дар Мисрро, ки баъди барканории Мурсӣ аз тарафи артиш дар рӯзи сеюми июл шурӯъ шуд, бештар кунад. Вазири умури дохилии Миср иддаоҳо доир ба тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарони осоиштаро рад кард ва гуфт, ба тазоҳуроти якмоҳаи тарафдорони Мурсӣ дар шаҳри Қоҳира “аз роҳҳои қонунӣ” хотима хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ғолибан Муҳаммад Мурсӣ ба ҳамон зиндоне бурда мешавад, ки Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешин ҳукмашро адо мекунад. Муҳаммад Мурсиро аз рӯзи 3 июл то кунун дар ҷойи номаълуме нигаҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG