Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасди ноком ба ҷони волии Самангон


Волии вилояти Самангони Афғонистон аз як сӯиқасд, ҷон ба саломат бурдааст. Мошини Хайруллоҳ Анӯш ҳангоми ҳаракат ба самти маҳалли кор рӯзи шанбе ба бомби канори роҳ бархӯрдааст, аммо ӯ ва ду муҳофизаш ҷароҳатҳои сабуке бардоштаанд. Толибон масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифтанд. Як рӯз пештар аз ин, дар вилояти Ғазнӣ як маргталаби савори мотосикл ба маъмурони пулис ҳамла карда, ҳафт нафар, аз ҷумла фармондеҳи пулиси маҳаллиро бо се ҳамкораш кушт.
XS
SM
MD
LG