Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти аъзои Шӯрои Амният бо мухолифони Сурия


Дипломатҳо мегӯянд, як гурӯҳи умдаи мухолифони давлати Сурия мойил аст, дар конфронси барномарезишудаи сулҳ дар шаҳри Женева ширкат кунад, ки ҳадафи он хотима додан ба ҷанг дар Сурия аст. Марк Лял, сафири Бритониё дар Созмони Милал гуфт, Аҳмад ал-Ҷабра, раиси Шӯрои Миллии Сурия “азми возеҳи худ барои ширкат дар конфронси Женева ва қабули ҳукумати муваққатӣ” дар Сурияро эълон кардааст. Аъзои Шӯрои Амният дар нишасти ғайрирасмие бо аъзои Шӯрои Миллии Сурия мулоқот кардаанд, ки кишварҳои ғарбӣ аз он ҳимоят мекунанд. Аҳмад ал-Ҷабра дар нишаст аз Русия хостааст, ки таъмини артиши Сурия бо силоҳро бас кунад. Ӯ рӯзи панҷшанбе аз Иёлоти Муттаҳида тақозо кард, ки ба шӯришиён силоҳ бидиҳад. Сафири Сурия дар Созмони Милал ин нишасти Шӯрои Амниятро ғайриқонунӣ хондааст, зеро ба гуфтаи ӯ, Созмони Милал то кунун ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асадро ба расмият мешиносад.
XS
SM
MD
LG