Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе масъалаи интихоботро баҳс карданд


Гурӯҳе аз раҳбарони аҳзоби мухолифи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе масъалаи пешбарии номзади ягона ба мақоми раиси ҷумҳурро баррасӣ карданд. Дар як маҳфил дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳозирони нишаст дар бораи хислатҳои номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сӯҳбат карда ва пешниҳод кардаанд, ки ӯ “ҳеҷ пайвандие бо мансабдорони кунунӣ надошта бошад”. Аммо номи мушаххасеро ба ҳайси номзади ягонаи аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон зикр накардаанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри ҳамин сол баргузор мешавад ва ҳеҷ касе аз сиёсатмадорони шинохта ва ё аз аҳзоби умдати кишвар аз азми худ барои ширкат дар ин корзори сиёсӣ эълом надодааст. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон, ҳам чизе дар бораи ҳузураш дар интихобот нагуфтааст, аммо интизор меравад, дар анҷумани Ҳизби Халқии Демократӣ дар моҳи август, дигарбора номзадии ӯро ба ин мақом пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG