Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе аз роҳбарони аҳзоби мухолифи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе масъалаи пешбарии номзади ягона ба мақоми раиси ҷумҳурро баррасӣ карданд.

Мушовараи васеъ барои омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр, як маҳфили мураккаб аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва хабарнигорон дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҷамъ омада ва сари ин мавзӯъ сӯҳбат карданд. Ҳангоми баҳс дар бораи хислатҳои номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки номзади ягона бояд “ҳеҷ пайвандие бо мансабдорони кунунӣ надошта бошад”.

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби cотсиал-демократ дар ин нишаст гуфт, ҳар касе, ки номзади воҳид пешниҳод мешавад, бояд дар барномаи интихоботиаш қавл диҳад, ки мӯҳлати президентиро барои чаҳор сол ва ду давра маҳдуд мекунад ва баъзе аз салоҳиятҳояшро ба дигар шохаҳои давлат медиҳад: "Президенти имрӯзаи кишвар салоҳияти мутлақро дорад. Яъне, салоҳияти президенти кишвар байни сарвари давлат, байни раиси ҳокимияти иҷроия, яъне сарвазир ва қисми салоҳияте, ки назоратӣ мебошад байни парлумон тақсим карда шавад.»

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ гуфт, номзади воҳиде, ки пешниҳод мешавад, бояд ба тамоми нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа аҳд бидиҳад, ки шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад:

«Аз ҳама муҳимаш президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, дигар ҳаққи номзад буданро пайдо намекунад. Ин бояд яке аз шартҳои бисёр муҳим ва калидӣ бошад, агар мо инро дар матнҳо ҷо кунему тааҳҳуд бигирем аз номзад. Ҳаркӣ бошад, дигар номзадии худашро ба президенти намемонад, ӯ талош мекунад шароитро барои ҳама фароҳам кунад. Вагарна бо он менталитете, ки дар баъзе аз сиёсатмадорон ҳаст, боз ҳам талош мекунад, ки шароитро барои идомаи президентияш омода кунаду халос.»

Дар нишасти мазкур ҳамчунин намояндагони Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби Сотсиалист, гурӯҳе аз намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва хабарнигорон ҳам ҳузур доштанд. Аммо сӯҳбат дар ин нишаст танҳо доир ба хислатҳои номзад ба мақоми раиси ҷумҳур буд ва тарафҳо ҳеҷ касеро ҳам аз байни худ ё аз доираҳои дигар ба ҳайси номзади ягона интихоб накарданд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри ҳамин сол баргузор мешавад ва то кунун ҳеҷ касе аз сиёсатмадорони шинохта ва ё аз аҳзоби умдати кишвар аз азми қотеъи худ барои ширкат дар ин корзори сиёсӣ эълом накардааст. Аз онҷо ки дар кишвар дар гузашта довталабони мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дарди сари зиёд гирифтор шудаанд, аз ин рӯ сиёсатмадорони кишвар аз сӯҳбати ошкор дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон ҳам чизе дар бораи ҳузураш дар интихобот нагуфтааст, аммо интизор меравад, дар анҷумани Ҳизби Халқии Демократӣ дар моҳи август, дигарбора номзадии ӯро ба ин мақом пешниҳод кунанд. Қарор аст, дар ҳамин моҳ аҳзоби дигари кишвар ҳам анҷуманҳои пешазинтиботии худро баргузор намоянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG