Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян солгарди созиши оташбасро таҷлил кард


Куриёи Шимолӣ 60-умин солгарди созиши оташбас бо Куриёи Ҷанубиро бо як раҳпаймоии азим ва заҳматталаби низомӣ таҷлил кард. Раҳпаймоии сарбозони беҳисобу аслиҳа ва мошини зиёдро, ҳукумати Куриёи Шимолӣ ба ҳайси намоиши қудрат ба душманонаш ва нишон додани ҳимояти мардум аз раҳбари наву ҷавон Ким Ҷонг Ун истифода мекунад. Ҳазорон нафар аз сарбозон ва тамошогарони раҳпаймоӣ шиор медоданд, ки ҷони худро фидои Ким Ҷонг Ун мекунанд. Худи Ким Ҷонг Ун ҳамроҳ бо дигар раҳбарони сиёсӣ ва низомии Куриёи Шимолӣ дар ин раҳпаймоӣ дар майдони Ким Илл Сан дар Пхенян ҳузур дошт. Куриёи Шимолӣ 27 июлро ба ҳайси “Рӯзи пирӯзӣ ва озодии сарзамин” таҷлил мекунад, ҳарчанд дар ин рӯз баъди ҷанге, ки миёни Куриёи Шимоливу Ҷанубӣ аз соли 1950 то соли 1953 идома кард, ду тараф созиши оташбас эълон карданд.
XS
SM
MD
LG