Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили 1025-умин солгарди ба масеҳият гаравидани Руси Киев


Дар шаҳри Киев имрӯзҳо 1025-умин солгарди ба дини масеҳӣ гаравидани Руси Киевро таҷлил мекунанд, ки бунёдгузори Русия, Белорус ва Украинаи ҳозира ба ҳисоб меравад. Интизор меравад, ки дар маросими таҷлили ин рӯз дар шаҳри Киев Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Томислав Николич аз Сербистон ва Николай Тимофти раиси ҷумҳури Молдова ширкат кунанд. Владимир Путин ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина имрӯз мулоқот карда ва фардо ба шаҳри Севастопол мераванд. Пешвоёни масеҳиёни ортодокси тамоми ҷаҳон ҳам дар шаҳри Киев ҷамъ меоянд ва аз ҷумла усқуфи аъзами Русия Кирилл, ки қасд дорад, дар маросимҳои таҷлили рӯзи шанбеву якшанбе ширкат кунад. Ба хотири таҷлили ин ҷашн, додгоҳи шаҳри Киев рӯзи ҷумъа баргузории ҳаргуна тазоҳуроту раҳпаймоӣ дар ин шаҳрро мамнӯъ кард.
XS
SM
MD
LG