Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти Миср ба хунрезӣ кашид


Сухангӯи Ихвонулмуслинин мегӯяд, маъмурони амниятӣ дар тазоҳуроти тарафдорони ин созмон дар шаҳри Қоҳира 31 нафарро кушта ва бештар аз 175 тани дигарро захмӣ кардаанд. Таъйиди дурустии ин арқом алъон номумкин аст, аммо табибон ва хабарнигорон мегӯянд, дар воқеъ ба шифохонаи наздик ба маҳалли ҳодиса чандин ҷасад ва захмиёнро овардаанд. Маъмурони амниятӣ ба самти тазоҳургарон, ки дар наздикии масҷиде ҷамъ омада буданд, тир андохтаанд. Аз ин пеш дар муноқишаи байни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда ва мухолифони ӯ 7 нафар кушта шуданд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса аз шаҳри Искандария будаанд. Бо авҷ гирифтани бесарусомонӣ дар Миср, интизор меравад, артиши ин кишвар алайҳи созмони Ихвонулмуслимин иқдом кунад. Вазири умури дохилии Миср рӯзи ҷумъа гуфт, тазоҳуроти якмоҳаи тарафдорони Мурсӣ дар Қоҳираро “ба зудӣ аз роҳи қонунӣ хотима хоҳад дод.”
XS
SM
MD
LG